Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 479
Ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд. Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.
Ҷавонони мо ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд.
Ҷавонони мо бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагони халқамон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.
Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед.
Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.
Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.
Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.
Шумо – фарзандони азиз, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ҳамаи заҳмат ва кору фаъолияти мо – калонсолон ба хотири муҳайё кардани шароити зарурӣ барои фардои ободу осудаи шумо равона шудааст. Ояндаи давлат ва халқи мо ба шумо тааллуқ дорад ва маҳз шумо ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа умеду орзуи падару модар ва такягоҳи давлату миллат ҳастед.
Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад. Яъне дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, инчунин, муҳайё кардани тамоми шароити зарурӣ барои тарбияву ба камол расонидани мутахассисони ҷавон минбаъд низ дар маркази диққати мо қарор хоҳад дошт.
Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.
Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед. Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд.
Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед.
Шумо бояд ифтихор дошта бошед, ки насли замони истиқлол ҳастед ва дар Ватани озоду соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед. Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...