МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РАИСИ ВИЛОЯТИ ХУРОСОНИ РАЗАВӢ ЯЪҚУБАЛӢ НАЗАРӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 334
Дар шаҳри Машҳади Эрон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси вилояти Хуросони Разавӣ Яъқубалӣ Назарӣ доир гардид.
Яъқубалӣ Назарӣ ташрифи ҳайати вилояти Хатлонро хайрамақдам гуфта, ба муштаракоти фарҳангиву динӣ ва таърихии мардуми Тоҷикистону Эрон таъкид намуд. “Муҳимтарин зарфияти ҳар ду кишвар зарфияти фарҳангист ва мо тоҷиконро аз хешовандони азизи худ мешуморем”, - қайд кард Яъқубалӣ Назарӣ. Ба қавли мавсуф, устони Хуросони Разавӣ аз бузургтарин вилоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон маҳсуб гардида, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ низ аз манотиқи наздиктарин ба Тоҷикистон мебошад. Раиси вилояти Хуросони Разавӣ алоқамандии ҷониби худро ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо вилояти Хатлони Тоҷикистон таъкид намуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо арзи сипос ба роҳбарияти вилояти Хуросони Разавӣ барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии бародарона, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногустании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд.
- Тақвияти равобит байни минтақаҳои ду кишвар ҷиҳати пешрафти ду давлат аҳамияти хосаро касб намудааст, - афзуд Давлаталӣ Саид. - Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон, хосатан вилояти Хуросони Разавӣ, сафарбар менамояд.
БО ИН МАҚСАД БАРОИ ШИНОСОӢ БО ДАСТОВАРДҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, РУШДИ САНОАТИ САБУК ВА ХӮРОКВОРӢ, ҲУНАРМАНДӢ, ИНЧУНИН РУШДИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТӢ, ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ МУШТАРАК ВА ҶАЛБИ САРМОЯИ ЭРОНӢ БА ИҚТИСОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОНӢ БА ШАҲРИ МАШҲАД ТАШРИФ ОВАРДААСТ.
Дар мулоқот бо истинод ба маълумоти оморӣ қайд гардид, ки соли 2022 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии исломии Эрон 54,3 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Эрон бо маблағи зиёда аз 51,7 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шуда, аз Эрон ба маблағи 2,6 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст.
Аз Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла кафел, ширеш, дару тиреза, халта ва таҷҳизоти гуногун ворид гардида, аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содирот карда шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо ба ояндаи неки робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Хатлон ва Хуросони Разавӣ ба манфиати мардуми шарифи ду кишвар изҳори хушбинӣ намуда, ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, дорусозӣ, тақвияти равобити фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайру саёҳат ҳавасмандӣ нишон доданд.
Дар рафти мулоқот инчунин дар атрофи масоили дигари ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.
Пас аз мулоқот бо роҳбарияти вилояти Хуросони Разавӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати ҳамроҳонаш аз шаҳраки саноатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Нишопур дидан намуданд.
Дар саҳни оромгоҳи мутафаккири шарқ Умари Хайём дар шаҳри Нишопур раиси вилояти Хатлон ба рамзи эҳтирому арҷгузорӣ дарахти дӯстӣ шинонид ва изҳори итминон намуд, ки дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон пояндаву устувор боқӣ хоҳад монд.
Як гурӯҳ аз ҳайати вилояти Хатлон иборат аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҳамчунин ба Минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс, яке аз панҷ минтақаи озоди иқтисодии вилояти Хуросони Разавӣ, сафар карда, бо масъулони ширкатҳои эронӣ доир ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мулоқотҳо анҷом доданд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, Хатлон - Эрон