Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилояти Хатлон бо сармоягузорон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Хитой мулоқот анҷом дод


Раиси вилояти Хатлон бо сармоягузорон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Хитой мулоқот анҷом дод



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати сармоягузорон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Хитойро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба зарфиятҳои иқтисодӣ ва дастовардҳои вилоят сухан ронд. Қайд гардид, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 3,5 миллион аҳолӣ дорад.


Самти фаъолияти аҳли заҳмати вилоят асосан кишоварзӣ ва саноат маҳсуб меёбад. 70 фоизи маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад. Аз он ҷумла, 70 фоиз пахта, 60 фоизи сабзавот, 80 фоиз полезиҳо, 50 фоизи меваҷот ва дигар маҳсулотҳо, яъне 250 ҳазор тонна пахта ва 2 миллион тонна меваю маҳсулоти кишвар дар вилояти Хатлон истеҳсол карда мешавад.


Инчунин як миллион пӯсти моли майдаю калон ҷамъоварӣ мегардад. Аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамасола беш аз 100 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содирот мегардад.


- Имрӯзҳо давлату Ҳукумат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҷалби сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту саноат алоқаманд буда, фазои мусоиди рушди тиҷорат фароҳам оварда шудааст, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзу сабукиҳои андозӣ, грантҳо, қарзҳои бонкӣ ва дигар дастгириҳои давлатӣ бархӯрдоранд.


Дар натиҷаи татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ дар ин самт, ҳавасмандии сормоягузорон ба соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон зиёд шуда истодааст.


- Мо агар заминҳои вилояти Хатлонро пурсамар ва мақсаднок истифода барем ва технологияҳои ҳозиразамонро ба кор андозем, дар як сол то чор ҳосил гирифтан аз заминҳо имконпазир мегардад, - идома дод раиси вилоят. – Барои мо, пеш аз ҳама, технологияи нав ва афзун намудани шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулот лозим аст.


Намояндагони доираҳои сармоягузории Корея ва Хитой пешниҳодот ва нақшаҳои тиҷоратии хешро оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи сармоягузориву бунёди коргоҳҳои муштарак баён доштанд.


Баррасии имкониятҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, табодули таҷриба ва содироти молу коло аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии мулоқоти мазкур буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода