Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУБОРАК БОД!


МУБОРАК БОД!



Дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Сад ранги чакан" ҷойи аввал насиби вилояти Хатлон гардид. 

Фестивали “Сад ранги чакан” дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, таҳти рақами АП318 "Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъанаю ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар вилояти Хатлон барои соли 2023" ба роҳ монда шуда, мақсад аз он тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ, муаррифии тарҳҳои навгунаи сарулибоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.

Фестивал аз рӯи 6 номинатсия, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ  баргузор гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода