Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳри Левакант


Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳри Левакант



Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант панҷ синфхонаи иловагӣ ва як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.


Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иштирок доштанд. Масъулин аз шароиту имкониятҳои таълимгоҳ дидан намуда, ба ташаббускорону бунёдгузорон изҳори сипос карданд. 


Қобили зикр аст, ки синфхонаҳои иловагии назди МТМУ №5 барои 250 ҷойи нишаст дар ду баст ва майдончаи варзишӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва саҳми кумитаи падару модарон, сокинону шахсони саховатпешаи деҳаи Хуррамдеҳ, мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ ва дигар лавозимот ҷиҳозонида шудааст. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода