Роҳҳои мумфаршшуда дар шаҳри Левакант ба истифода супурда шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 376
Дар шаҳри Левакант беш аз ду километр роҳи мумфаршшуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Роҳи мазкур аз қабл ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва барои ҳаракати муътадили нақлиёт монеаҳои зиёд ҷой доштанд. Бо ибтикори корпоратсияи “Салтанат” мумфарш гаштани ин қисмати роҳ, ки мушкили ҳаракати нақлиётро осон намудааст, боиси қаноатмандии ронандагони воситаҳои нақлиётӣ гардидааст.
Инчунин, дар деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти “Гулистон” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, саҳмгузории соҳибкорони маҳал ва аҳли ҷамоатчигӣ дар масофаи 1,5 киллометр мумфаршкунии роҳи деҳа идома дорад. Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади босифат сомон додани мумфаршсозии роҳҳои нақлиётгард техника ва мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант, сафарбар гаштааст.
Тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант идома доранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00