Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷаласаи Шурои ректорон дар Бохтар


Ҷаласаи Шурои ректорон дар Бохтар



Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» аз маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, ба 30 донишҷӯи ятими кулл аз номи Шӯрои ректорон планшет тақдим карда шуд.


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода оид ба таҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштани аккредитатсияи институтсионалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода доир ба таҷрибаи ҷаҳонии иҷрои рисолаҳои хатм дар раванди баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон дар ҳамкорӣ бо корфармоён ва талаботи касбӣ — тахассусӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва раиси Шӯрои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода оид ба натиҷагирӣ аз раванди интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоту олии касбӣ аз ҷониби довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Баъди анҷоми ҷаласа ҳайати меҳмонон аз Мавзеи таълимию таҷрибавии «Зағертут»-и назди донишгоҳ дидан намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода