Мусобиқа дар дастархонороӣ?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 628
Бо омад-омади иди саиди Фитр занҳои хонадон дар андешаи чӣ тавр густурдани дастархон ва гузаронидани ид мешаванд. Дар ҳоле, ки суннати идҳои мусалмонӣ дидорбинию муборакбодии ҳамдигар, аёдати беморон ва дуо дар ҳаққи гузаштагон мебошад.
Масъалае, ки боиси нигаронист, ин на танҳо бо шоколаду мағзҳои қиматбаҳо, нӯшокиҳо ва навъҳои гуногуни ширинӣ оро додани дастархони идона аст, балки аҷобат дар он аст, ки занҳо ҳар сол зарфу ҷиҳози хонае, ки барои ид ороиш дода мешавад, пурра нав месозанд. Аз нигоҳи чунин кадбонуҳо, пардаю кӯрпача, қолину қандил, дастархон, зарфҳои болои дастархон бояд аз мӯди охирин бошанд.
Шарофатхола, сокини 67-солаи шаҳри Бохтар, мегӯяд, ки чунин шеваи идгузаронӣ ва оростани дастархони серхарҷро солҳои охир бештар мушоҳида мекунад.
- Солҳои пеш ин тавр набуд, - идома дод ҳамсуҳбати мо. - Касе ба таъмиру ҷиҳози хона ва зарфҳои қиматбаҳо аҳамият намедод, хонаву палос тозаву озода бошад, шуд. Занҳо бештар ба покизагии хона ва пухтани ҳалвою кулча, чапотию чагалдак машғул мешуданду халос. Касе барои ороиши дастархон «мусобиқа» намекард. Ҳар чизе, ки вобаста ба имконияташ дошт, рӯйи дастархон мегузошт. Занҳо низ байни ҳам гапу калоча намекарданд, сари дастархон нишаста, фотеҳа мехонданду хушгӯӣ мекарданд. Имрӯз ба хотири он ки «дар маҳалла гап нашавад», баъзе занҳо шавҳарро маҷбур месозанд, ки маблағ дарёбанд, то боиси масхараи занҳои ҳамсоя нашаванд. Ҳол он, ки дар дини мубини ислом маҷбур сохтани шавҳар низ гуноҳ ҳисобида мешавад. Занҳо вобаста ба имконияти дошта бояд талаб намоянд ва аз исрофкорию харҷи барзиёд даст кашанд, ба буҷаи хонавода зарар нарасонанд.
Агар мо ба нарху навои бозор аҳамият диҳем, мағзу шириниҳо як тараф истад, барои хариди зарфҳое, ки то соли оянда мо онҳоро аз мӯдрафта меҳисобем, барои дастархони як хона то 3-4 ҳазор сомонӣ сарф мешавад. Ин ҳама хароҷот, зоҳиран, барои худнамоиву худситоӣ анҷом дода мешавад.
Ба андешаи Шарофатхола, ки худ модаркалон аст, занони оқилу фарзона дар фикри гапу калочаи дигар занҳо нашуда, бо ин маблағ метавонанд беҳтарин ғизоҳои ҳам моддӣ ва ҳам маънавиро барои фарзандон муҳайё созанд.
Ҳангомаи Исмат, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00