Дар суҳбати ҳамкорону шогирдони устод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 391
Ба муносибати гиромидошт ва нишони эҳтиром ба фаъолияти пурбори муҳаррири варзида шодравон Муқим Абдураҳмонов дар идораи рӯзномаи «Хатлон» мизи мудаввари кормандони идора бо даъвати чанд тан аз собиқадорони матбуот Саидҷаъфар Баёзӣ, Боймурод Сайдалиев ва котиби масъули рӯзномаи «Хатлон» Саттор Қарахонов баргузор гардид.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзно-ма, аз фаъолияти эҷодии Муқим Абдураҳмонов ёдовар шуда, иброз дошт, ки мавсуф тӯли чаҳордаҳ сол сарварии ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (имрӯза «Хатлон»)-ро ба уҳда дошт. Корномаи устод Абдураҳмонов барои ҳар як эҷодкори ҷавон, ки дар ҷодаи публитсистика гом гузорад, сабақи муваффақият аст.
Сипас, Саидҷаъфар Баёзӣ, Боймурод Сайдалиев ва Саттор Қарахонов аз даврони фаъолияти якҷоя бо устод Абдураҳмонов ба ҳозирин қисса намуда, хотироти некашонро ёдовар шуданд.Ҳамчунин, дар ҳамоиш маҷмӯаи «Муҳаррир», ки ба ифтихори 85-солагии собиқадори матбуоти тоҷик, Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон, журналисти соҳибмактаб, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (имрӯза «Хатлон»), зиндаёд Муқим Абдураҳмонов ба чоп расидааст, муаррифӣ гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00