Фестивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ҷамъбаст гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 507
Дар саҳни Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Бохтар даври дуюми фестивали ҳунармандони вилояти Хатлон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» бо иштироки намондагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим, ҳайати Кумитаи тадорукот ва аъзои ҳакамон баргузор гардид.
Дар саҳни театр ҳунармандон аз 25 шаҳру навоҳии вилоят маҳсули дастранҷи худ, ҳунарҳои миллӣ ва мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд. Фестивали «Ҳунар беҳ аз зар бувад» аз рӯи се номинатсия-кандакорӣ, дуредгарӣ бо чӯб (гаҳворасозӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ, сангтарошӣ), номинатсияи дӯзандагӣ (ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, зардӯзию гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ) ва номинатсияи бофандагӣ (атласбофию адрасбофӣ ва читгарӣ) иборат буд.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳайати Кумитаи тадорукот ва аъзои ҳакамон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони вилоят дидан намуда, ба ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Сулаймонзода Акрам Раҳим зимни суханронии худ ба ҳозирин иброз дошт, ки муаррифгари ҳар як миллат маҳз ҳунарҳои мардумии он мебошад. Мавсуф ҳунармандонро баҳри эҳё ва рушди суннатҳои мардумӣ ташвиқ намуда, таъкид намуд, ки бояд ба насли ҷавон ин анъанаҳои неки миллии мардуми тоҷикро омӯзонем ва ба наслҳои минбаъда ба мерос гузорем.
Сипас, аз ҷониби ҳунармандони вилоят барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳадафи баргузории фес-тивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида ва муаррифии навъҳои гуногуни маҳсули ҳунармандӣ мебошад.
Дар анҷом ба ғолибони даври дуюми фестивал диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим карда шуд.
Фарида БАРОТОВА, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
24-02-2022, 13:30