Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАСМӢ: ИДИ РАМАЗОН РӮЗИ 21 АСТ Ё 22?


РАСМӢ: ИДИ РАМАЗОН РӮЗИ 21 АСТ Ё 22?



Имрӯз, 18 - уми апрел ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор гардид. 


Қайд гардид, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21 апрел рост меояд, иттилоъ медиҳад Шӯрои уламои Тоҷикистон.


Ичунин, тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 дақиқа муайян карда шудааст.


Ҳамчунин, дар асоси қарори мазкур имомхатибон муваззаф шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд, омадааст дар иттилоия.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода