Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 393 км роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд


393 км роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд



Тайи 3 моҳи аввали соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ дар вилояти Хатлон ба 7 миллиону 417 ҳазор тонна (суръати афзоиш - 109,8%) ва ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 29 миллиону 808 ҳазор нафар (108,9%) баробар гардид. 


Дар шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” ҳамчунин иттилоъ доданд, дар вилоят ба масофаи 393 километр корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст. 


Бо ин мақсад 27 миллиону 484 ҳазор сомонӣ, назар ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёдтар, маблағ сарф шудааст.


Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо ба масофаи 2,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 3,8 километр сангфарш ва 260 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст. 


Манбаи хабар афзуд, ки инчунин, бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ 26 километр таъмири асосӣ, 100 километр роҳҳо сангфарш ва 14 пулу қубур таъмиру азнавсозӣ шуданд. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода