Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 451
Давоми се моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 2 миллиарду 396 миллиону 259 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 10,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ дар саноати истихроҷи маъдан дар семоҳаи якуми соли 2023 ба маблағи 56 миллиону 713 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулот бароварда шудааст, ки нисбат ҳамин давраи соли гузашта 2,2 фоиз кам мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, 1 миллиарду 283 миллиону 887 хазору 300 сомониро ташкил дод, ки аз он маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 316 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли насоҷҷӣ ва дӯзандагӣ 489 миллиону 299,2 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли нафтӣ 2 миллиону 664 ҳазору 400 сомонӣ, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 376 миллиону 581 ҳазору 400 сомонӣ мебошад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...