Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иқдоми нек. 12 омӯзгор дар Дӯстӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуд


Иқдоми нек. 12 омӯзгор дар Дӯстӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуд




Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон дар ноҳияи Дӯстӣ боз ба 12 нафар омӯзгор замини наздиҳавлигӣ дода шуд, дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмасаидзода хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур оид ба даъвати 38 нафар омӯзгорон ба муассисаҳои таълимӣ ва бо ҷойи истиқомати муваққатию замини наздиҳавлигӣ таъмин кардани онҳо эълон дода буд. Вобаста ба ин, ҳоло боз ба 12 нафар омӯзгор Сертификати заминҳои наздиҳавлигӣ тақдим карданд.

Ш. Маҳмасаидзода афзуд, ки дар соли таҳсили 2022 - 2023 аз тарафи раиси ноҳияи Дӯстӣ ва пешниҳоди мудири шуъбаи маориф наздик ба 100 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф Сертификати замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Ин амали раиси ноҳияи Дӯстӣ боиси таҳсин буда, бори аввал аст, ки дар чунин сатҳ омӯзгорон дастгирӣ меёбанд.

Ин ташаббуси раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон оид ба дастгирию ҳавасмандгардонии омӯзгорон ба дигар раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон намунаи ибрат мебошад.

С. АЗИЗЗОДА "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода