Шурои уламо: "Шаби қадр ба рӯзи 17-ум - шоми 18-уми апрел рост меояд"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 563
Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки шаби қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.
Имсол шаби қадр ба рӯзи 17-ум - шоми 18-уми апрел рост меояд.
Дар китоби “Тарҷумону-л-қуръон”-и Ҷурҷонӣ “шаби қадр шаби андоза кардани корҳо” гуфта шудааст. Соҳиби “Кашшофу истилоҳоти-л-фунун” оварда: “Шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад”. Дар “Ат-Тафҳим”-и Берунӣ омада: “Ва андар моҳи Рамазон Лайлатулқадр аст, он-к ҷалолати ӯро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷӯянд”.
Ба таъкиди Шурои уламо, шаби қадр дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе аст, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули қуръон бар дили поки охирин Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00