Бонкҳои вилояти Хатлон барои рушд чӣ қадар қарзи бонкӣ ҷудо кардаанд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 442
Бонкҳои вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли 2023 ба соҳаҳои иқтисодиёт 965,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд. Дар ин бора рӯзномаи "Хатлон" бо истинод ба сарчашмаи худ дар Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят иттилоъ медиҳад.
Ҳаҷми қарзҳои бонкии ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Аз маблағҳои ихтисосёфта ба соҳаҳои кишоварзӣ 339,9 миллион сомонӣ (35,2%), саноат 38,3 миллион сомонӣ (4,0%), сохтмон 23,1 миллион сомонӣ (2,4%), нақлиёт 2,3 миллион сомонӣ 0,2%), хӯроки ҷамъиятӣ 1,0 млн. сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ 77,1 миллион (8,0%), савдои хориҷӣ 92,3 миллион (9,6%), истеъмолот 378,9 миллион сомонӣ(39,2%) ва дигар соҳаҳо 12,7 миллион сомонӣ (1,3%) равона карда шудааст.