Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нархи маводи ғизоӣ коҳиш меёбад?


Нархи маводи ғизоӣ коҳиш меёбад?



Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат маълум кард, ки нархи ғизо ва нуриҳои минералӣ дар соли 2022 чӣ қадар боло рафтааст.

“Нархи маводи ғизоӣ аз моҳи январ то май 19% боло рафт ва баъдан аз моҳи май то декабр 15% поин рафт. Дар тӯли сол нархи маводи ғизоӣ аз соли 2021 18%, аз ҷумла арзиши ғалла 21% боло рафт”, - омадааст дар гузориши СҶТ. Нархи нуриҳо аз ҳама зиёд гарон шуда, дар муқоиса бо соли 2021 63% афзоиш ёфт. Ба таъкиди гузоришгарон, афзоиши арзиши озуқа бояд афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ҳавасманд кунад. Ин дар навбати худ боиси афзудани дастрасии озуқаворӣ ва арзон шудани нарх мегардад. “Аз тарафи дигар, коҳиши майдони замини корам ва қимати баланди нуриҳо метавонад боиси коҳиши ҳосил ва болоравии нархҳо гардад”, - қайд мекунад СҶТ.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода