“Саломатӣ барои ҳама!”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 535
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Саломатӣ барои ҳама!” машварату муоинаи беморон дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар шаҳри Кӯлобу ноҳияҳои дигари вилоят низ роҳандозӣ гардид, ҳазорон сокини вилоят аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд. Аз ҷумла, аз тарафи мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар ташхиси ултрасадо, рентген, озмоишгоҳу лабараторияҳои сайёр ҷиҳати муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо роҳандозӣ гардид.
Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо равона гардидаанд. Маълум аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият назари хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ муассир буда, ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани мардум ба хизматрасониҳои тиббӣ, ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00