Паём – роҳ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 402
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқро таҳлилу баррасӣ намуда, дар баробари вазифагузориҳо, ҳамзамон, як қатор имтиёзҳоро ба табақаҳои гуногуни ҷомеа муқаррар намуданд.
Ин тадбир аз сиёсати инсондўстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба табақаи осебпазири мамлакат шаҳодат медиҳад. Дар Паёми навбатӣ вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд”.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки амалӣ гардидани иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат ба баланд гардидани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд. Дар Паёмҳои қаблӣ низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ чунин иқдомҳо пешниҳод гардида, амалӣ шуданд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Ҳамзамон, дар Паёми имсола вобаста ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус равона гардида, имтиёзу ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардиданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи маориф иброз доштанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».
Ин суханони ҳикматомези Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва рушддиҳандаи тамоми соҳаҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, тамоми захираю имкониятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи Сарвари давлат
равона созем.
Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин фарогири тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ва маҷмўан 4 ҳадафи стратегии мамлакатро дар бар гирифта, асоси калидии онро таъмини зиндагии арзандаю шоиста ба сокинон, нигоҳдории истиқлолияти комили давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати Ватани азизамон – Тоҷикистон, ташкил медиҳад.
Мардуми сарбаланди ноҳияи бостонии Балҷувон ҳар як дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, сармашқи кори ҳаррўзаи худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон, шабонарӯзӣ талош менамоянд ва саҳми арзандаи худро дар ин самтҳо мегузоранд.
Бахтиёр САФАРЗОДА,
раиси ноҳияи Балҷувон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...