Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДДК. Маркази омӯзишии «Русское пространство» кушода шуд


ДДК. Маркази омӯзишии «Русское пространство» кушода шуд



Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулллоҳи Рӯдакӣ маркази омӯзишии забони русӣ “Русское пространство” кушода шуд. Дар ин бора нашрияи донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, мақсад аз таъсиси ин марказ аз он иборат аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ омада сатҳи забондонии худро хубтар ва дониши худро афзун кунанд. Роҳбарии маркази мазкурро номзади илмҳои филологӣ, муаллими кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забонҳои англисӣ ва русӣ Ашуров Азамат ба уҳда дорад.


Маркази мазкур бо дастгириҳои бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар якҷоягӣ бо сафорати Россия дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия мавриди истифода қарор гирифт.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода