Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ дар Бохтар


Намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ дар Бохтар



Дар коргоҳи дӯзандагии “КОТО Глобал”-и шаҳри Бохтар намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор гардид, ки дар расми ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ширкат варзиданд.

Муовини раиси вилоят аз намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ва фаъолияти корхона дидан намуда, масъулини соҳаро ҷиҳати ба хонандагон бо сифати хуб ва нархи дастрас пешниҳод кардани либосҳои мактабӣ муваззаф сохт.


Дар назар аст, ки хонандагони шаҳри Бохтар то соли нави таҳсил пурра бо либоси мактабӣ таъмин мегарданд.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода