Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи Кӯлоб


Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи Кӯлоб



Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ вобаста ба раванди иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ аз терроризму экстремизм ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.


Зимни баргузории ҷаласа муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ доир ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, пешгирӣ аз ҳолатҳои таълимоти ғайрирасмӣ, худкушию худсӯзӣ, масъулияти волидайн дар тарбияи шоистаи фарзандон, дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, башардӯстӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ ба камол расонидани насли наврас масъалагузорӣ намуд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода