МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ "КАЯН"-И АРАБИСТОНИ САУДӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 524
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ Шайх Туркӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлониро бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт.
- Муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои араб, махсусан бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад, - қайд кард Давлаталӣ Саид дар ибтидои суҳбат. - Таҳлили рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки сол то сол рушд ёфта истодаанд.
Гуфта шуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соли 2017 ба раванди рушди муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ ва таъсиргузор дошт.
Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳими тақвияти ҳамкориҳо ба ҳисоб рафта, якчанд маротиба рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Ба соҳибкорони араб маълумот дода шуд, ки вилояти Хатлон дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкориҳо мебошад. Яке аз ҳадафҳои муҳими рушди Тоҷикистон ба кишвари аз лиҳози сайёҳӣ тараққикарда мубаддал гардонидани Тоҷикистон мебошад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми фарогирии аҳолии қобили меҳнат бо шуғл, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 116 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 217 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 адад ишораи сарироҳӣ ва 21 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Зикр гардид, ки дар қаламрави вилоят ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа” дар ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки “Тахти сангин”-и ноҳияи Қубодиён арзи вуҷуд доранд, ки таърихи зиёда аз 2700- сола дошта, ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд. Сайёҳон аз ин мавзеъҳо мунтазам дидан менамоянд.
Зимни мулоқот ҳайати меҳмонон иброз намуданд, ки мақсади сафари онҳо ба вилояти Хатлон шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва ривоҷу равнақ бахшидани ҳамкорӣ дар самти рушди соҳа ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Ҳамзамон роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлонӣ алоқамандии ҷониби худро барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ дар самти содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон, аз ҷумла пиёз, пахта ва дигар маводи кишоварзӣ нишон дод.
Дар мулоқот изҳори итминон шуд, ки доираҳои тиҷоратии вилояти Хатлон ва минтақаҳои Арабистони Саудӣ дар оянда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...