Шурои уламо: "Анҷом додани аъмоли нек меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро қувват мебахшад"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 441
- Моҳи шарифи Рамазон саршор аз раҳмату мағфират ва навозишу меҳрубонии Парвардигори олам аст. Дар ин моҳи муқаддас дасти кумак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд ва бепарастор аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад, - омадааст дар муроҷиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рӯзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда, ба онон некӣ намояд. Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:
«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шодкунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).
- Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад, - таъкид мешавад дар муроҷиатнома. - Хусусан, кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон ва беморону дармондагон дар рӯзҳои моҳи муборак боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...