БОЗДИД АЗ ҲОСИЛИ САБЗАВОТИ БАРВАҚТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 5 апрели 2023
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 547
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Далаталӣ Саид аз гармхонаҳои доимиамалкунанда ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон дар шаҳри Бохтар боздид ба амал оварданд.
Нахуст раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хоҷагии деҳқонии Истиқлол ташриф оварда бо фаъолияти хоҷагидорону кишоварзон шинос гардиданд. Ба раиси вилоят иттиллоъ доданд, ки хоҷагии мазкур дар маҳаллаи «Ғайрат»-и шаҳри Бохтар ҷойгир буда, 10 га замини корами обӣ дорад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили гармхонаҳои доимоамалкунанда сабзавотҳо ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озукаворӣ соли 2022 хоҷагии мазкур иқдом гирифт, ки ҷиҳати таъмин намудани аҳолии шаҳр бо сабзавоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол дар майдони 3 га 30 адад гармхонаҳои доимоамалкунандаро сохта ба истифода диҳад, ки масоҳати ҳар як кадомаш 0,10 га мебошад. Соли сипаришуда, 15 адад гармхона дар масоҳати 1,5 га сохтмонаш ба анҷом расида, дар 12 адади он аз ҷумла дар 9 ададаш помидор, дар 2 адад қаланфури ширин ва дар 1 адад бодринг шинонида шудааст.
Дар се адади он кучонидани ниҳоли бодиринг ва каланфури ширин идома дорад. Ҳосили бодиринг пухта расида, ҳамарӯза ҷиҳати ба танзим даровардани нархи маҳсулотҳо, аз ҷумла пешгирии болоравии нархи сабзавотҳо ба бозорҳои марказии шаҳр ба фурӯш бароварда шуда истодааст. Ҳосили помидор ва қаланфури ширин то иди Рамазон пухта мерасад.
Ҳамчунин раиси вилоят аз фаолияти хоҷагии деҳқонии «Амиршо» дидан намудаанд. Дар ин хоҷагӣ дар ду гармхона бодиринг ва 3 гармхонаи дигар помидор шинонида шудааст. Дар ин гармхонаҳо низ ҳосили бодиринг пухта расидааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқони бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили гармхонаҳои доимиамалкунанда изҳори сипос намуда, ҷиҳати зиёд намудани ҳосил тавсияҳои судманд доданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00