РАИСИ ВИЛОЯТ: "БА ТАРБИЯИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН НА ТАНҲО ДАР МАВСИМИ ДАЪВАТ, БАЛКИ МУТТАСИЛ БОЯД МАШҒУЛ ШУД"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 560
Дар қисми ҳарбии 07/017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъули сохтору мақомоти вобаста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ баргузор гашт.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар асоси Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, маъракаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, ҷавонони синни хизматӣ пас аз ташхису муоинаи тиббӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки то ба имрӯз нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳи вилоят 34,6 фоиз иҷро гардида, дар рӯзи нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Вахш, Данғара ва Фархор нақшаи сафарбарсозии ҷавононро пурра таъмин кардаанд. Дар иртибот ба ин масъала аз ҳозирин даъват карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон тақвият ёфта, дониши сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад ва моҳияти сафарбарсозӣ ба хизмати ҳарбӣ, қарзу фарз будани адои хизмат дар сафи Қуваҳои Мусаллаҳи кишвар дуруст фаҳмонида шавад.
Раиси вилоят дар идомаи суханронӣ ёдовар шуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд. Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба, вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд.
Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъулу вобаста муаззаф шуданд, ки ба маъракаи сафарбарсозии ҷавонон диққати зарурӣ равона намуда, ба хизмати Ватан ҷавонони руҳану ҷисман солим сафарбар карда шаванд. Илова ба ин, ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон на танҳо дар давраи даъвати баҳориву тирамоҳӣ, балки ба таври ҳамешагӣ таваҷҷуҳи махсус равона намоянд, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳсоси баланди хештаншиносӣ, муқаддас донистани арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намоянд. Зеро пойдориву устувории ҳар як миллату давлат маҳз аз неруи тавонои Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода вобаста ба мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ изҳори назар намуд. Қайд гардид, ки бо талошу ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити хизмат барои афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ батадриҷ хуб гашта, дар айни замон мушкилоти танқисии либоси низомӣ, маводи ғизоӣ, ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат ба мушоҳида мерасид, пурра бартараф гашта, қисмҳои низомии мамлакат ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам аз нигоҳи техникӣ ва лавозимоти ҳарбӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд.
Дар ин рӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳамроҳонаш аз шароити хизматии сарбозони ин қисми низомӣ, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, толори таълимӣ, ҳуҷраи навбатдорӣ, сартарошхона ва ҳаммоми сарбозон дидан намуданд.
Чуноне мушоҳида гардид, барои сарбозони қисми низомӣ шароити хуби хизматӣ, имконияти машқу тамрин, обутобёбӣ ва омӯзиш фароҳам оварда шуда, онҳо хизмати ватанро барои худ шараф ва қарзи фарзандӣ медонанд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...