Маркази миллии тестӣ ҳушдор медиҳад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Эълонҳо / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 2 054
Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) ҳушдор медиҳад, ки ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабонро ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои кишвар медиҳанд, бовар накунанд.
“... натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад”,- омадааст дар муроҷиатномаи марказ.
ММТ қайд медорад, ки бо вуҷуди ин, эҳтимоли рух додани “амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ” аз ҷониби баъзе шахсон ҷиҳати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
Ҳамчунин, марказ иброз медорад: “Ҳаргиз набояд ба гапи қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, фирефта шуд”.
Ин ниҳод барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба имтиҳонҳо ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти ММТ аз сокинон даъват кардааст, ки “ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд… ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонанд!”.
Масъулини ин марказ аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми имтиҳонсупорӣ даъват кардаанд, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳм гузоранд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба марказ муроҷиат кунанд ва онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...