Ба тарбияи наврасон таваҷҷуҳ мебояд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 367
Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 семинар-машварат дар мавзуи “Роҳҳои таъсирбахши пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” доир гардид. Дар семинар котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Х. Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қ. Қурбонзода, котибони комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Х. Абдуллозода зимни баромади худ доир ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон ҳамбастагии мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла шуъбаҳои ВКД, маориф, оила, ҷавонон, ходимони дин, мақомоти иҷроия зарур мебошад. Масъалаҳои худкушиву худсӯзӣ, даст ба ҷиноят задан, майнӯшӣ, сигоркашӣ миёни наврасону кӯдакон боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Ҳамчунин, масъалаҳои риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷалб намудани онҳо ба донишомӯзӣ, ҳунаразхудкунӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, ҳамкории мақомотҳо ва ғайра муҳокима гардиданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...