Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар татбиқи ҳадафҳои давлат бетараф набошед


Дар татбиқи ҳадафҳои давлат бетараф набошед



Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода бо сокинону фаъолони шаҳр доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони мақомотҳои қудратӣ, собиқадорони меҳнат, имомхатибони масҷидҳои шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, раисони биноҳои баландошёна, ҷавонон ва раисони шӯроҳои занон иштирок доштанд. 

Файзулло Баротзода зимни баромади худ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат андешаронӣ карда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд карда истодаанд. Метавон дар тараққиёт ва пешрафти шаҳри Бохтар дар даврони Истиқлоли давлатӣ мисолҳои равшан овард. 


– Агар дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар ҳамагӣ 13 корхонаи саноатӣ – истеҳсолӣ фаъолият мекард, пас шумораи ин гуна корхонаҳо имсол ба 56 адад расидааст, - гуфт раиси шаҳри Бохтар. -Танҳо дар панҷ соли охир дар маркази маъмурии вилояти Хатлон дар ин давра биноҳои баландошёна ба 73 адад расонида шуд, ки аз ин шумора 40-тои он дар панҷ соли охир сохта шудааст.


Дар идомаи суханрони худ Ф. Баротзода доир ба маданияти шаҳрнишинӣ, ободониву кабудизоркунии шаҳр, омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо, дастгирӣ намудани оилаҳои ниёзманд ва шахсони яккаву танҳо, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам изҳори андеша намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ раиси шаҳри Бохтар аз ҳозирин даъват намуд, ки дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бетараф набошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода