Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маълумоти пешакӣ оид пайомадҳои сел дар ноҳияи Панҷ


Маълумоти пешакӣ оид пайомадҳои сел дар ноҳияи Панҷ



Шаби 4-уми апрел, соати 01:30, дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори Ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷ дар натиҷаи боришоти сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасони  сокинони маҳаллӣ, инчунин заминҳои киштшудаи ҳудуди ҷамоат зери об мондааст.


Дар ноҳия айни ҳол комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолият мекунад.


Барои расонидани кумак ба осебдидагон ва ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои сел ба маҳал нерую воситаҳои зарурӣ сафарбар карда шудаанд.


Дар ҳоли ҳозир корҳои барқарорсозӣ оғоз шудааст. Барои муайян кардани хисорот комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ ба кор шурӯъ кард.


Бо мақсади таъмини бехатарӣ аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 хонавода, ки дар наздикии селпартоҳо зиндагӣ мекунанд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.


Тавре ки аз дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ иттилоъ доданд, барои вусъат додани раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси кумита генерал-майор Сулаймон Исосода ба ноҳияи Паҷ сафарбар гардид.


Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва харобкориҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода