Давлаталӣ Саид: “Хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавонмард вазифаи бошарафу муқаддас аст”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 534
Имрӯз, 3 апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон маросими гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллӣ барпо гардид. Садҳо нафар ҷавонони матину шуҷоъ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят бо рӯҳияи баланду ифтихори ватандорӣ саф ороста, ба маҳалли баргузории чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» ҳозир шуданд.
Қабл аз ҳамоиш дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими кулчагазон сурат гирифта, модарон ба фарзандони наваскари худ дуои нек доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои шодбоши ин ҷавонон омада, қайд намуд, имрӯз ҷавонони бо нангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар–Ватан бо ҳам омаданд ва баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд.
Раиси вилоят аз масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии онҳо ситоиш карда, ба волидайнашон миннатдории хешро баён намуд.
Қайд гардид, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар симои сарбозони ҷасури Ватан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар барои рушду ободии он дар ҷабҳаҳои гуногун софдилона меҳнат карда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон иброз доштанд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд”.
- Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст, - таъкид намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Ишора шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимеро ба анҷом расонида истодааст. Раиси вилоят зикр намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда 1000 нафар даъватшавандагон ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегардиданд. Тайи ду соли охир бошад, шумораи ҷавонони синни даъватие, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо истинод ба таҳлилҳои анҷомёфта қайд намуд, ки дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз беэътиноии волидайн, ба таври зарурӣ корбарӣ накардани масъулини соҳа, мувофиқи матлаб баргузор накардани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон иҷрои нақшаи маъракаи даъват кашол ёфта буд. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки корҳои оммафаҳмонӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар байни аҳолӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои дахлдор ҷоннок намуда, сари вақт иҷрои нақшаи пешбинишударо таъмин намоянд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид изҳори итминон намуд, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси вилояти Хатлон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимияти хосса нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит баҳри хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст ва бояд ҳар ҷавони ватандӯст баҳри иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бе чуну чаро ба Артиш ҳозир гардад.
Дар интиҳо ба ҳазор нафар даъватшавандаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...