Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ГАЧКАРТОНИ ҶДММ


БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ГАЧКАРТОНИ ҶДММ



Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон дар идомаи сафари корӣ аз корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал»  боздид намуд.
Тибқи иттилоъ,  иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона  гачкартон буда, маблағи умумии иншоот 133,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Шумораи умумии коргарони корхонаро 105 нафар ташкил дода, бо маоши хуб таъмин ҳастанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» 22 апрели соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намудааст.

  


Дар давоми соли 2022 корхона ба миқдори 874,1 ҳазор дона варақаи гачӣ ва 1 млн. 68,1 ҳазор дона амстронг истеҳсол намудааст. 


Ҳамзамон, дар соли 2022 ба маблағи умумии 4,2 млн сомонӣ маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 760 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода