ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИИ ГАҶКОРИИ ҶДММ «ЧЖУНГТСАЙ МОҲИР СЕМЕНТ»


БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИИ ГАҶКОРИИ ҶДММ «ЧЖУНГТСАЙ МОҲИР СЕМЕНТ»



Имрӯз, 25 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент», воқеъ дар минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон дидан намуд.

Коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти «Даҳана» дар базаи корхонаи ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд гардидааст. 

Коргоҳи истеҳсолии гаҷкории ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» 26 марти соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба фаъолият оғоз намудааст.


Маблағи умумии иншооти коргоҳ 350 миллион сомониро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он дар як сол истеҳсоли 30 млн метри мураббаъ гаҷкартон мебошад.



Дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани корхона, 105 нафар шаҳрвандон бо кори мавсимӣ таъмин мегарданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода