Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: “Сари вақт арзу матлаби шаҳрвандонро гӯш кунед”


Давлаталӣ Саид: “Сари вақт арзу матлаби шаҳрвандонро гӯш кунед”



Имрӯз, 25 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиати саривақтии сокинон ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” қабули сайёри шаҳрвандонро доир кард.

Зимни қабули шаҳрвандон 19 сокини ноҳия роҷеъ ба мушкилоти худ ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муроҷиат намуданд.


Сокинон оид ба расонидани кӯмаки моддиву молиявӣ, мусоидат барои гирифтани табобат, таъмири роҳҳо, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, ҷудо намудани қитаъи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои сохтмони коргоҳи хурди саноатӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намуданд.




Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон оид ба баррасии саривақтӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои шаҳрвандон ба масъулини сохторҳои вилоятӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, раёсат ва шуъбаву сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода