Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят аз ҶДММ “Мармарӣ” дидан кард


Раиси вилоят аз ҶДММ “Мармарӣ” дидан кард



Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Ёвон рафт. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят хабар доданд.

Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти “Обшорон” аз фаъолияти фермаи чорвои калони гӯштии ҶДММ “Мармарӣ”, ки 26 марти соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд, дидан намуд.



Зимни боздид, ба Давлаталӣ Саид иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии сохтмони ферма 16 га-ро ташкил медиҳад, ки иншооти мазкур бо маблағи 8,5 млн. доллари ИМА аз ҷониби ҶДММ «Мармарӣ» бунёд гардидааст.


Мавриди зикр аст, ки дар соли 2022 аз фермаи мазкур 760 тонна гӯшти хушсифат истеҳсол гардидааст. Айни замон дар ферма 1200 сар чорвои калони гӯштӣ парвариш ёфта истодааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода