Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кореяи Ҷанубӣ дар самти рушди саноат ҳамкориро тақвият мебахшад


Кореяи Ҷанубӣ дар самти рушди саноат ҳамкориро тақвият мебахшад



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсонро баргузор гардид, ки дар он ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои дипломатӣ баррасӣ шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид дар суханронии хеш гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар заминаи равобитҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориҳои мутақобиланд судмандро гуcтариш медиҳанд. Ҳамин буд, ки соли гузашта 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Тӯли ин солҳо аз тарафи ҳарду ҷониб корҳои  зиёде дар самти рушд додани соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат амалӣ гардид.



Дар мулоқот зикр шуд, ки вилояти Хатлон  яке  аз калонтарин  вилоят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 52 фисади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят 250 ҳазор тонна пахта ва 2,5 миллион тонна меваву сабзавот истеҳсол карда мешавад.

Ҳамзамон, ҳамасола аз вилоят зиёда аз 100 ҳазор тонна содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.

- Дар заминҳои кишоварзи ҳудуди вилоят ягон намуди нуриҳои минералї истифода бурда намешавад ва тамоми маҳсулоти кишоварзӣ пурра маҳсулоти органикӣ ва аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад, - гуфт Давлаталӣ Саид. - Агар ҳамкориҳои тарафайнро  дуруст ба роҳ монем ва аз технологияи муосир дар парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намоем, даромади хуб ҳам ба даст оварда мешавад.

Дар идомаи суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид гуфт, ки вобаста ба таъсиси корхонае дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки аз тарафи ширкати кореягӣ пешниҳод кардааст, он ба нақша гирифта шуда, мавриди омӯзиш қарор дорад.



Сипас, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсон аз истиқболи гарму самимӣ ва меҳмонавозӣ изҳори миннатдорӣ карда,  гуфт, ки  дар натиҷаи фаъолияти ширкатҳои кореягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузории мустақим ба рушди иқтисоди  Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардида, дар самти рушди саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоем. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки  мо тасмим гирифтаем, ки дар ДДБ ба номи Носири Хусрав кафедраи забонҳои кореягӣ ва бунёди гармхонаҳои наву замонавиро дар ҳудуди вилояти Хатлон ба роҳ монем.

Ҳамчунин, зимни мулоқот оид ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар самтҳои муҳимми хоҷагии халқи вилояти Хатлон ибрози андеша карда шуд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода