Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вакилон интихоб гардиданд


Вакилон интихоб гардиданд



Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40 ва Ҷалолиддини Балхӣ №41 пас аз шуморидани овозҳои ба ҷонибдории номзадҳо додашуда, интихоботро баргузоршуда эълон намуд.

Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз комиссияи интихоботии вилоятӣ иттилоъ доданд. Дар натиҷаи интихобот номзадони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №27 -Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, дар ҳавзаи интихоботии Қубодиён №4о -Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон ва дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №41 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон бо гирифтани аксарияти овозҳои интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардиданд. 


Ёдовар мешавем, ки санаи 19 феврал дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Ҷалолиддин Балхӣ №41 ва Қубодиён №40 ба ҷои вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоботи вакилон доир гардида буд, ки дар он шаш нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода