Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муъминобод: Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти ёрии молиявӣ 100% таъмин карда шуд


Муъминобод: Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти ёрии молиявӣ 100% таъмин карда шуд



Шарифзода Лутфия Шариф, раиси ноҳияи Муъминобод, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли 2022 нақшаи андоз 102,7 фоиз таъмин карда шуда, бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 148866 сомонӣ кам гардидааст.

Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти ёрии молиявӣ (субвенсия) 100 фоиз таъмин карда шуд.


Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 7461 нафар нафақагирон дар қайд буда, аз ин шумора 5666 нафарро нафақагирони меҳнатӣ, 2415 нафарро нафақагирони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.


Талаботи маблағи нафақапулиҳои моҳона 2 миллиону 321 ҳазору 45 сомонӣ буда, қарздорӣ аз ҳисоби пардохти нафақа мавҷуд нест.

Нафақаи миёна дар ноҳия 298 сомонию 60 дирамро ташкил менамояд.


Шарифзода Лутфия, раиси ноҳияи Муъминобод гуфт, ки соли сипаришуда кишоварзони ноҳия аз мусоидии обу ҳаво дуруст истифода намуда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15249 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки аз он майдони 11077 гектар кишти ғалладонагиҳо, 917 гектар зироатҳои техникӣ, 623 гектар картошка, 627 гектар сабзавот, 193 гектар полезиҳо ва дар майдони 1812 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.


Дар соли 2022 варзишгарони ноҳия дар 10 мусобиқаи сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 80 медал, аз ҷумла 33 медали тилло, 32 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 медал зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода