Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 572
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад». Имсол 30-юмин солгарди Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд Артиши миллии мо дар вазъи бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.
18-уми декабри соли 1992 бо иштироки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расида, Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23-уми феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин рӯз низ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани мудофиаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо ба техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама, он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст.
Ҳадаф аз ин гуфтаҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштаанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем.
Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар бо сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ мунтазам вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми хизматчиёнии ҳарбии ватанамон, инчунин, ҳамкорони азизро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрик ва таҳният мегӯям.
Наврӯз Тоҳирзода,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...