Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамоиш таҳти унвони «Иффати зан»


Ҳамоиш таҳти унвони «Иффати зан»



Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи «Барномаи рушди оила» бо иштироки занону духтарони фаъоли шаҳр таҳти унвони «Иффати зан» ҳамоиш доир гардид. 

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки тоҷикон ба зебоии зан на аз рӯйи ҳусну ҷамол, балки аз доштани шарму ҳаё, иффату таҳаммулпазирӣ, маърифатнокӣ ва тарбиятгари фарзандони солеҳ буданаш баҳо медоданд. Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Занон дар илми муосир», «Пошхӯрии оилаҳо ва таҳлили сабабҳои он», «Этика ва эстетика» ва дигар масоили ба ин самт вобаста маърӯзаҳо пешниҳод гардид. Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оила, тарбияи насли наврас ва ҷомеаи имрӯза мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода