Тоҷикистон ба мардуми Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 489
Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, 50 тонна кумаки башардӯстона фиристода мешаванд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матуботӣ хабар дод.
Вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ки кумаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва дорӯворӣ иборат хоҳад буд.
- Дар мавриди фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҷониби Сурия дархост нарасидааст. Бояд гуфт, ки мо ба Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона расонидем ва 50 нафар наҷотдиҳандагон низ ба ин давлат фиристода шуданд. Соли гузашта Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки аз обхезӣ зарар дид, кумаки башардӯстона расонида буд», - гуфат шуд дар нишасти матбуотии Вазири корҳои хориҷӣ.
Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!
Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Instagram, OK, Telegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00