Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар вилоят шумораи табибон афзудааст


Дар вилоят шумораи табибон афзудааст



Дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон 3994 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 20099 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд.

Дар ин бора аз Раёсати тандурустии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд. Қайд гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум шумораи духтурон 344 нафар, аз ҷумла 13 ҷарроҳ, 8 момодоя, 14 духтури амрози даруна, 17 духтури кӯдакона, 38 табиби оилавӣ, 9 духтури дандон ва инчунин 1392 корманди миёнаи тиббӣ зиёд шудааст.

Манбаъ афзуд, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон 1779 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ фаъолият мекунад. Аз ҷумла 1517 муассисаи амбулаторию дармонгоҳӣ, 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ ва 119 муассисаи сохтори госпиталӣ дар хизмати беморон қарор доранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода