Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баландтарин маошро дар вилоят кӣ мегирад?


Баландтарин маошро дар вилоят кӣ мегирад?



Музди миёнаи моҳонаи кор, ки дар соли 2022 ба кормандони кироякор пардохт шудааст, 1289 сомонию 17 дирамро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як сол пеш 12,8 фоиз зиёд мебошад.



Тибқи омори расмӣ, дар шаклҳои моликияти бахши воқеӣ соли гузашта ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ба 604,11 сомонӣ баробар буд. Дар ҳамин ҳол, музди кории кормандони соҳаи саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 2363 сомонӣ, соҳаи неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 3582 сомонӣ ва соҳаи сохтмон 1948 сомониро ташкил дод, ки аз сатҳи миёнаи музди меҳнат дар вилоят аз 51,1% то 2,8 баробар бештар аст. 


Дар миёни шаклҳои моликияти бахши хизматрасонӣ музди миёнаи кори кормандони молия ва қарзгузорӣ аз ҳама зиёд будааст. Бар асоси омори расмӣ, соли 2022 музди миёнаи кории кормандони ташкилотҳои молиявӣ 3303 сомонӣ будааст, ки 2,6 маротиба аз сатҳи музди миёнаи корӣ дар вилоят афзунтар аст. 


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода