Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тантанаҳои вилоятии Иди Сада


Тантанаҳои вилоятии Иди Сада



Пагоҳ, 28 январ, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тантанаи вилоятии ҷашни Сада баргузор мегардад.

Дар ҳамоиши мазкур иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, аҳли илму адаби вилоят, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. Дар саҳни Кохи фарҳанг инчунин афрӯхтани гулханҳо, намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, гулу буттаҳои ороишӣ, олоти кории деҳқонон, намоиши техникаю мошинолоти соҳавӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, инчунин тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода