Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ


ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ



Идораи рӯзномаи “Хатлон” дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” озмуни эҷодиро барои беҳтарин маводи публитсистӣ таҳти унвони «Ифтихори ватандорӣ» эълон менамояд.

Ҳадафҳои асосии баргузории озмун дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ, инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, қаҳрамонони меҳнат, мудофиаи Ватан, тарбияи ватанпарварии насли наврас, ширкати ҷавонон дар рушди вилоят, инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастӣ, ободу зебогардонии Ватан, саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ ва ободу ҳуснороии манзилҳои истиқоматӣ, корҳои ободониву созандагӣ, мусоидат намудан дар таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мебошад.

Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мухбирони ҷамоавӣ, публитсистон ва ҳамаи алоқамандони эҷод иштирок карда метавонанд.

Озмун моҳи январи соли равон оғоз гардида, то 25 августи соли 2023 идома меёбад. 

Ғолибони озмун бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадр карда мешаванд.

Озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ба ғолибон мукофотпулӣ ба таври зайл муқаррар карда шудааст:

Ҷойи якум – 2 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм –1 500 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 1 000 сомонӣ.


Маводҳо дар шакли чопӣ ва электронӣ дар ҳаҷми то 5 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешавад.

Иштирокчиёни озмун метавонанд, мақолаҳои худро тариқи почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов – 12 бо ишораи “Барои озмун” пешниҳод кунанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода