Нақшаи андозҳо барзиёд иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 417
Соли 2022 нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилояти Хатлон ба қадри 2 миллиарду 54,8 миллион сомонӣ ё 103% иҷро гардид.
Тавре ки аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, аз ҷумла нақшаи андозҳо баробари 1 миллиарду 711,7 миллион сомонӣ (103,7%) ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 308 миллион сомонӣ (100%) таъмин гашта, бақияи қарзи андозҳо ба 1 январи соли 2023 дар қиёс ба аввали соли гузашта 14,6 миллион сомонӣ коҳиш дода шудааст.
- Дар ин давра 87,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардиданд, - афзуд манбаъ. - Ҳамчунин, талаботи маблағи нафақапулиҳо, ки 1 миллиарду 57,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.
Сарчашмаи иттилоъ ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта 56693 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ҳисоби миёнаи музди меҳнат ба 1289,2 сомонӣ баробар гардид.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...