Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Панҷгоникҳо дусола шуданд


Панҷгоникҳо дусола шуданд



30 декабри соли 2022 панҷгоникҳо - Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоиша Нормуродовҳо дусола шуданд. Ба ин муносибат дар арафаи Соли нави мелодӣ рӯзномаи “Хатлон” бо туҳфаҳои солинавӣ ба табрики онҳо рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагиашон хабар гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл дар шаҳри Душанбе Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён, панҷгоник таваллуд намуда, номи худро дар саҳифаҳои таърих сабт намуд.

Дар ин давра фарзандони Дилноза Мамадова ва Раҳмон Нормуродов аллакай роҳгардон шуда, ба гапзанӣ оғоз намуданд. Ба гуфтаи Дилноза, модари панҷгоникҳо, Ҳусейн аввалин шуда роҳ гаштанро ёд гирифт. Баъдан Бибиоиша, Зуҳро, Фотима ва Ҳасан ба қадаммонӣ оғоз карданд.

-Аз рӯзе, ки онҳо роҳгардон шуданд, масъулияти ман низ бештар гашт. Акнун онҳоро лаҳзае танҳо намегузорам. Ҳар лаҳзаву дақиқа зери назоратанд,-мегӯяд Дилноза.

Падари панҷгоникҳо Раҳмон Нормуродов, ба наздикӣ ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Аз рӯзе, ки шавҳарам ба муҳоҷират рафтааст, нигоҳубини фарзандони шӯхгашта ба ман мушкилтар шудааст. Шукрона мекунам, ки дар ҳолатҳои душвор дӯстону наздикон ба кумаки ман меоянд¸ - иброз медорад Дилноза.

Кӯдакон рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд. Дар баробари ин, рафтору феълашон низ тағйир меёбад. Ҳусейн аслан бачаи шӯхтабиат, серҳаракат, Бибиоиша ва Зуҳро бошанд, оромтабиат, Фотима чусту чолок, нотарс,  якрав, Ҳасан ором, ғамхору камгап мебошанд.

Ба гуфтаи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, оилаи панҷгоникҳо зери назорати қатъии мақомот қарор дошта, мунтазам аз ҳолу аҳвол ва зиндагии онҳо хабардор шуда меистанд.

Чанде пеш раванди ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҷудо намудани хоҷагии ёрирасон барои ин оила аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардид. Дар ҳамин баробар ба онҳо сертификати истифодабарии замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» дар соли нави мелодӣ ба дӯстрӯякон Ҳасан, Ҳусейн, Фотима Зуҳро ва Бибиоиша саломатӣ, умри дароз орзу менамоем. Бигзор онҳо солиму неруманд ба камол бирасанд ва дар оянда чун фарзадони баруманди миллати тоҷик номбардори кишвари азизамон  гарданд.

Толиб ТОЛИБЗОДА,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода