«Хатлонсинамо» 5-сола шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 672
Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар ба муносибати 5-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” чорабинии идона бо иштироки мувоини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, ҳунармандони саршиноси кишвар, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятиву шаҳрӣ, ҳаводорон ва мухлисони санъати кино баргузор гардид.
Сараввал, дар даромадгоҳи Кохи Лоҳутӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва иқтидору имконияҳои “Хатлонсинамо” дидан намуданд. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” бо ҷалби мутахсассисону ҷавонони соҳибистеъдод фаъолияти худро ба роҳ монда, дар муддати кутоҳ тавонист дар соҳаи фарҳанги Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Дар давоми панҷсоли фаъолияти худ муассиса тавонист, 9 филми ҳуҷҷатӣ ва 4 филми мустанадро таҳия ва сабт намудааст.
Дар идома ба як гурӯҳ кормандону ҳунармандон Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва медали ҷашнии “5-солагии “Хатлонсинамо” супорида шуд.
Пас аз ҷамъомади тантанавӣ филми ҳунарии “Номус”, ки аз ҷониби “Хатлонсинамо” ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд.
Маврид ба ёдоварӣ мебошад, ки Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” соли 2017 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади дастгирии рушди кинои тоҷик муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” таъсис ёфта буд. Дар давраи фаъолияти худ муассисаи мазкур филмҳоро ба монанди “Саҳв”, Гирдоб”, “Марги сафед”, “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Фариштаи умед”, силсила филми “Артист” ва ғайраро ба рӯйи экран овардааст. Ҳунамандон ба монанди Убайдулло Раҷабов, Назирмад Мусоев, Моҳпайкар Ёрова, Қурбони Собир дар аксар филмҳои Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” нақш офаридаанд.
Толибзода Толиб, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00