Дар Тоҷикистон орд арзон шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 593
Дар Тоҷикистон қимати орди воридотӣ поин рафт - тафовут тақрибан 20-30 сомониро ташкил дод. Ҳамин тавр, халтаи 50 килоии орди воридоти навъи якум дар бозорҳои вилояти Хатлон ҳоло 290-300 сомонӣ арзиш дорад. Даҳ рӯз пеш нархи он 325 сомониро ташкил медод.
Ҳамасола аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллион тонна гандум ниёз дорад, ки тақрибан нисфи онро тавлидоти дохилӣ таъмин мекунад. Тибқи омор, дар 9 моҳи соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 38 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 13,6 миллион доллар ворид шудааст. Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 638 ҳазор тонна гандум ба маблағи беш аз 217,3 миллион доллар ворид карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, дар 11 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 976,5 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...