ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 752
![]()
Имрӯз, 29 ноябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва ваколатдори Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ Қурбон Ҳакимзода нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Зимни суханронӣ раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду кишвар, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима карда шуданд.
Дар рафти суханронии худ Квон Донг Сок, сафири фавқулода ва ваколатдори Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати рушди забони кореягӣ дар вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар ин самт баён дошт. Аз ҷумла, Квон Донг Сок пешниҳод намуд, ки дар ДДБ ба номи Носири Хусрав факулелти забони кореягӣ ва дар вилоят маркази омӯзиши забони кореягӣ ташкил карда шаванд.
Зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Канвондои Кореяи Ҷанубӣ дар ҳолати коркард қарор дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...